Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Ҳақ таоло тақдир кард, ки сипоҳро тартиби ҷанг месохтанд, Қонун хизмат кард, гуфт:
— Эй шоҳ, банда ба шаҳр меравад, ки бошад, ки ҷойгоҳе Самакро ба даст тавонам кард, ки дар лашкаргоҳ нест, ба шаҳр рафтааст.
Ин бигуфт ва бирафт.
Пас, чун умри рӯз ба охир омад ва хуршеди раҳшон раҳт барбасту кори подшоҳӣ ба тороҷ дод, шаби зулмонӣ мулки рӯзи нуронӣ ба даст фурӯ гирифту ба тахти шоҳӣ баромад ва ҷаҳони торикчеҳра зангидидор гашт, аз ҳар ду лашкар талояҳо берун омаданд ва эҳтиётҳо мекарданд, то шаби дерапҷом аз подшоҳӣ маъзул шуд. Субҳи рӯзмуқаддама дар олам хиромид ва ҷаҳон аз дасти шаби деранҷом берун кард ва зинати осмон бадал гашт ва заминро маҳфил биняфзуд. Аз канори чарх гул бишкуфт ва савсан дар зери гил бинуҳуфт. Ба ҷои савсану насрин ҳама рӯи ҳаво аз гули сурх озин 1 баст ва ҷаҳони мунаввару музайян шуд, чунон ки шоир гӯяд:
Субҳ чун пардаи сафед кашид,
Бар сари лоҷварду марворид.
Шафақ аз меҳри ӯ нишот ангеҳт,
Маи беҷодагун 2 бар ӯ баррехт.
Дар чунин рӯз аз лашкари Арманшоҳ ногоҳ овози кӯси ҳарбӣ баромад. Сипоҳ рӯй бар майдон ниҳоданд.
Дуҳули ҷанг ба гӯши Хуршедшоҳ расид. Бифармуд, то лашкар азим майдон карданд. Овози ӯ савти караною дабуру шайпур ва роҳаву буқи биринҷин аз лашкари Хуршедшоҳ баромад. Далерон оҳанги ҷанг карданд, баддилон қасди гурез карданд. Далеронро рӯй ба ҷанг чун гулнор шуд. Нақибон сафи ҳар ду лашкар рост карданд. Майманаву майсара ва қалбу ҷиноҳ биёростанд, ки ногоҳ аз лашкари Хуршедшоҳ саворе асп дар майдон ҷаҳонид ва замоне ҷавлон карду лаъб намуд.
Хуршедшоҳ гуфт: — Кист?
Гуфтанд: — Армани паҳлавон аст.
Бар Арман офарин кард ва гуфт:
— Ҳанӯз аз ранҷи роҳ наёсуда аз баҳри ман дар майдон рафт.
1 О з и н — зинат;
2 Б е ҷ о д а — навъе аз лаъл, ин ҷо: сурх.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё