Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Арман наъра мезад ва мард мехост, ки аз лашкари Арманшоҳ Аркилки паҳлавон ҷавлон мекард ва меомад.
Шоҳи бисӯбони Хурҷон асп дар майдон ҷаҳонид. Чавшане хурдғайбан зарнигор пӯшида, худе одӣ мукаллал ба ҷавоҳир ба сар ниҳода ва камаре шикорӣ бар миён баста ва камоне хоразмӣ бар бозу афканда ва ҳамаи силеҳи ҷанг бар худ рост карда ва бар аспе аблак1 савор гашта.— Ба ҳам расиданд ва аз насаби якдигар пурсиданд.
Бар аспе ҳамчанди кӯҳе савор гашта ва буни найза бар замин кашон, Арман гуфт:
— Нек омад, ки мо ҳарду наврасидагонем ва майдондорӣ накардаем. Биёвар то чӣ дорӣ.
Аркилки паҳлавон гуфт:
— Некӯ гуфтӣ.
Ҳар ду найза аз ҷой барканданд ва ба найза бо якдигар чандон бикӯшиданд, ки найза дар дасти ишон шоҳ 2 шуд ва зиреҳҳо чок гашт ва бар ҳам зафар наёфтанд. Найзаҳо аз даст бияндохтанд ва теғҳои алмосгуни дудчеҳраи оташранги офтоблидори ҷоншикофи хунхор аз ниём бароварданд. Ҷунон теғҳо, ки шоир гӯяд:
Фаре з-он теғҳо ҳангоми ҳайҷо 3
Чунон чун ранги бӯкламун мулавван.
Ба рангу тӯлу арзу гавҳари ӯ
Чу хурведе, ки бартобад зи равзап,
Ки гар з-он сӯ бад-он сӯ бингарад мард,
Аз он сӯ бар замин бишморад арзан
Ҷунон теғҳо баркашиданд ба дарақҳо дар сар оварданд ва теғ бар сару фарки якдигар чандон заданд, ки теғҳо бишкаст ва дарақҳо пора шуд ва бар якдигар зафар наёфтанд. Инони асбон бозгирифтанд ва майдоне фарох бинҳоданд ва даст ба камони оҷқабзан тайргӯша бурданд ва найзаҳон хаданг аз ҷаъба бароварданд ва инони аспон дарҳам афканданд ва даст ба гурзи говсар бурданд ва бозӯҳо кор фармуданд ва ба ҳам ронданд. Аз зӯри амуди ишон ва зӯре, ки бар ҳам мезаданд, ҳар ду асп аз ной даромаданд. Ҳар ду паҳлавонон ба чолокӣ ба ҷой бинстоданд ва даст бизаданду
1 Аблак — ало.
2 Шоҳ — пора.
3 Ҳайҷо — ҷанг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё