Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дашнаҳо, ки дар миён доштанд, баркашиданд ва ба ҳам даромаданд, ба кина, бе муҳобо, то аз як ногаҳ он ду марди паҳлавон дашна бирсиданд, ҳар ду дар паҳлӯи ҳам нишонданд, ҳар ду аз пой даромаданд ва бимурданд.

Чуи ҳар ду лашкар чупон диданд, хурӯш бароварланд. Аз лашкари Хуршедшоҳ Абри Сиёҳ дар майдон омад, бар аспи сиёҳ савор гашта ва ба чаҳордаҳ пора силеҳ худро ороста. Баробари қалби Арманшоҳ омад ва мард хост, ки аз лашкари Аркилк саворе дар майдон омад, номи ӯ Хӯр, бародарзодаи Аркилки паҳлавон буд. Пеши Абри Сиёҳ омад ва бонг зад, ки:

— Эй нокасони бадфиол ки шумоед, паҳлавоне чун Аркилк бар бод омад, ки дар оламе чун ӯ набуд, беҳ аз шоҳи шумо сад бор. Аммо шукри яздон, ки куштаи хешро нагузошт. Акнун раво бошад, ки ба ҳар тору мӯе, ки бар сари ӯ буд, паҳлавоне бикушам.

Ин бигуфт ва ба Абри Сиёҳ даромад. Абри Сиёҳ гуфт:

— Эй нокаси ҳаромзода, чун ту марде бошад, ки номи шоҳи мо барад, ки шоҳи мо чун Аркилк сад ҳазор сагбон дорад! — Ин бигуфт ва ба Хӯр андаромад ва раҳо накард, ки ҳаракат кунад. Як найза зад бар синаи ӯ ва аз пушт берун шуд. Дарҳол бияфтод ва бимурд. Абри Сиёҳ наъра зад ва мард хост. Дигаре дар майдон омад. Абри Сиёҳ ӯро бикушт. Дигаре биёмад, ӯро бикушт. Дигаре биёмад ва бияфканд. Ҳамчунин ҳар ки дар майдон меомад, меафканд, то ҳафтдаҳ мардро бияфканд. Хурӯш аз лашкари Арманшоҳ баромад.

Қизилмалик барошуфт. Пеши падар омад ва хизмат кард, гуфт:

— Эй падар, ин кор маро афтодааст, ки ин ҳама фитнаву ошӯб аз баҳри ман дар ҷаҳон афтодааст ва ин ҳама сар дар хок рафт ва ҳанӯз меравад, аз баҳри он ки ман талаби Маҳпарӣ мекунам. Мехоҳам, ки дар майдон равам ва Хуршедшоҳро дар майдон хонам. Агар бахт ёрӣ кунад, ӯро қаҳр кунам ва сипоҳи ӯро ба тороҷ диҳам ва агар на, ӯ маро ҳалок кунад, маро сарзаниш накунанд, ки ишқи Маҳпарӣ дар дилаш нест. Аз ду берун нест, агар нест шавам, агар ӯро ҳалок кунам ва агар на, худ бозраҳам, ки беш аз ин дарди дил наметавонам бурдан ва тоқати ин ҳама хорӣ надорам.

Арманшоҳ ӯро ба даст фурӯ гирифт. Гуфт:

пешина
аз 283
навбатӣ