Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Хуршедшоҳ теғ зад бар хартуми пил, то хартуми вай бияндозад, шамшер бар амуд омад. Амуд гарон буд, теғи Хуршедшоҳ бишкаст. Даст бизад ва теғи дигар аз зери рикоб баркашид. То ӯ баркашид, пили дигар ба Хуршедшоҳ даромад. Шоҳзода теғ биронд ва хартуми пил бо амуд даҳ гом бияндохт. Чун пил захм ёфт, аз пой даромад, наъра бизад. Пилони дигар битарсиданд ва рӯй ба ҳазимат ниҳоданд. Пилбонон ҳарчанд чаҳд мекарданд, ки пилонро боздоранд, натавонистанд, ки қоидаи пилон чунон аст, ки як ҳамла кунанд ва рост тавонанд рафтан агар барояд ва агар на, бозгардад ва рӯй ба хасм орад ва дигар бора ҷанг оғозад. Ва агар ҳазор пил бошад ва якеро захм расад, аз пой дарояд ва наъра занад, ҷумлаи пилон рӯй ба ҳазимат ниҳанд ва яке бознаистанд.
Пас Хуршедшоҳ он пил бияфканд, пилони дигар рӯй ба ҳазимат ниҳоданд ва дар лашкаргоҳи худ афтоданд.
Шаҳрони вазир гуфт:
— Ишонро раҳо диҳед ва агар на, лашкар ба ҳам барояд.
Лашкар кӯча карданд, то пилон андар гузаштанд ва бо он ҳама халқеро ҳалок карданд, то боз паси лашкар афтоданд. Пилбонон бисёр чаҳд карданд, то пилонро ба тоати хеш боз оварданд.
Хуршедшоҳ аз ин ҷониб лашкари хешро гуфт:
— Ҳамла баред ба якбор, то ишонро қаҳр кунед.
Ҳомони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, зинҳор, чаҳорсад ҳазор савор аз ҳар ду ҷониб бар ҳам зананд, дӯст аз душман падидор набо- шад, олам хароб шавад, сад ҳазор халқ беҷон шаванд. Ту раво мадор, ки маслаҳат нест.
Ин бигуфтанд ва бифармуданд, то табли осоиш би- заданд ва ҳарду лашкар бозгаштанд ва ба ҷойгоҳи худ фуруд омаданд. Шоҳон ба боргоҳ омаданд, тартиби та- лоя карданд ва берун фиристоданд ва дигарон рӯй ба оромгоҳ ниҳоданд.
Бозомадем ба ҳадиси Самаки айёр, ки дар шаҳри Мочин ба чӣ расид. Чунин гӯяд худованди ҳадис, ки чун Самак аз пеши Хуршедшоҳ ба шаҳр бозомад аз баҳри талаб кардани бандиён ва ҳар кас ки ин кор кардааст дар шаҳр, дар сарои ду бародарони қассоб. Собиру Самлод он ҷо буданд мувакалли Меҳрони вазир, бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё