Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
ишон бигуфт, ки ба чӣ кор ба шаҳр омадаам ва имшаб берун хоҳам рафтан. Ишон гуфтанд:
— Моро бо худ бибар, то дар хизмат бошем.
Самаки айёр гуфт:
— Эй озодмардон, ман ба талаби Сурхварду дигарон меравам. Бошад, ки аз ишон нишоне ба даст оварам, ӯ он кас ки ин кардааст. Шуморо чӣ гуна тавонам бурдан? Ин ҷойгоҳ мебошед. Гӯш бо ман доред: Агар чунон ки фардо чоштгоҳ ман омадам, нек ва илло, сари Меҳрони вазир бибуред ва пеши Хуршедшоҳ бибаред ва аҳвол бигӯед, то ӯ толиби ман бошад ба мурда ё ба зинда.
— Ин бигуфт ва мебуд, то шаб даромад, бархост ва берун омад ва порае роҳ бирафт. Бо худ гуфт: «Ҳар шаб ба роҳи бероҳа меравам, имшаб ба роҳи рост хоҳам рафт, ки аз роҳи бероҳ кор рост барнамсояд» — Ин бигуфт ва ба роҳи рост бирафт ва нигоҳдорӣ мекард, то ба кӯчае расид ва овозе шунид. Пиндошт, ки касе чизе мехоҳад. То ба зери даричае расид. Овозе шунид. Зане дид, сар аз дарича берун карда, гуфт:
— Эй озодмард, куҷо меравӣ дар ин кӯча? Магар туро бар ҷони худ раҳмат нест? Аз кирдори Сурхи Кофар магар хабар надорӣ?
Самак гуфт:
— Эй зан, марде ғарибам ва роҳ ба ҳеҷ мақом намедонам ва дарвозаҳо баста асту ман дар шаҳр бозмондаам. Ҷавонмардӣ куну маро ҷойгоҳе деҳ. Набояд, ки маро ранҷе расад.
Зан биёмад ва дар бикшод. Самаки айёр гуфт:
— Эй зан, Сурхи Кофар кисту куҷо мебошад ва чаро мардумро аз вай мебояд гурехт?
Зан гуфт:
— Эй озодмард, ту ғарибӣ ва намедонӣ. Сурхи Кофар марде подошт аст, айёрпеша ва нопоку шабрав ва то ин ҳодиса афтод ва Самак бар ин вилоят омаду ин корҳо кард ва Дилоромро бурд ва зиндонро бишикаст ва писарони Копунро бибурд, шоҳ ӯро бихонд ва шафоат карду дилхушӣ дод ва шаҳр ба вай супурд ва ба савганд ӯро ба тоат овард. Акнун дар шаҳр мегардад ва талаби Самак мекунад ва дар ин кӯча аст ва дар ин ду-се шаб, ки гузашт, панҷ танро дидам, ки гирифта буд ва ба сарои хеш мебурд, ки ӯро роҳи гузар дар ин кӯча аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё