Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Ходим ба хаймаи Маҳпарӣ омад ва хизмат карду аҳвол бигуфт, ки Моҳонаро ба Сурхи Кофар хоҳанд дод.
Маҳпарӣ гуфт:
— Ишон бигурехтанд.
Ходим бозомад ва аҳвол бигуфт, ки:
— Дӯш Моҳонаву модараш бигурехтанд.
Ва он аҳвол касро маълум набуд, магар он соат, аз баҳри он ки, магар, ишонро фаромӯш карда буданд.
Чун шоҳ бишунид, аз он кор дилтанг шуд.
Сурхи Кофар фурӯ монд. Самак нигоҳ кард, Сурхи Кофарро на бар ҳоли худ дид. Гуфт:
— Паҳлавон, андеша мадор, ки ман ишонро биёварам, то муроди ту ҳосил оварам, ки ман донам, ки ин ҳол, ки ту шунидӣ, чун аст. Ту ин кор сохта аз ман хоҳ.
Ишон ин сухан бигуфтанд ва ба шароб хӯрдан машғул гаштанд.
Ҳақ таоло тақдир кард, ки ҷосус хабар ба Арманшоҳ овард ва гуфт:
— Эй шоҳ, Самак Сурхи Кофар бибурд. Ӯро бифирифт ва ба тоати Хуршедшоҳ овард ва бо ишон савганд хӯрд ва дар ту осӣ шуд.
Арманшоҳ бар худ биларзид ва гуфт:
— Чӣ гуна тавонад буд? Касе бошад, ки Сурхи Кофарро дар дом тавонад овардан? Магар муҳол аст!
Ҷосус гуфт:
— Эй шоҳ, ман ӯро дидам. Агар хоҳӣ, касе ба шаҳр фирист ва аҳвол боздон.
Кас ба шаҳр фиристод пеши Қонун, то аҳвол маълум кунад. Мард бирафт ва гуфт:
— Эй Қонун, мегӯянд, ки Сурхи Кофар ба тоати Хуршедшоҳ даромад. Моро бовар намекунад. Ӯро талаб кун ва бо худ биёвар.
Қонун аз ҷой баромад ва биҳаросид ва дар шаҳр талаби Сурхи Кофар карду наёфт. Рӯй ба лашкаргоҳ ниҳод. Пеши Арманшоҳ омад, хизмат кард. Гуфт:
— Эй шоҳ, Сурхи Кофар дар шаҳр нест.
Шоҳ бо Қизилмалику Шаҳрони вазир ва паҳлавонон фурӯ монданд ва ҳар сухан мегуфтанд.
Қонун гуфт:
— Эй шоҳ, бандиён дар сарои Сурхи Кофаранд, ишонро дар он сарой акнун натавон дошт, ки чун Сурхи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё