Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Кофар мардеро бурданд. Алалхусус чун Сурхи Кофар бо ишон ёр бошад, набояд ки бандиёнро бибарад. Агарчи бандиён аз шаҳри моанд, аммо мухолифанд ва Самак талабкори ишон аст. Ишонро дар банд мебояд дошт, ки аз ҷиҳати ишон Самак дар дом ояд, ки ин корҳо Самак мекунад.
Арманшоҳ гуфт:
— Ишонро куҷо тавонем доштан, ки Самак натавонад бурдан?
Шаҳрон гуфт:
— Эй шоҳ, ишонро ба Дувоздаҳдара фирист, ки қалъае муҳкам аст. Дигар, фармони ман барӣ, Моҳона ва модар низ бифиристӣ, то фориғ бошем ва дар ҷанг дил машғул набошем.
Шоҳ гуфт:
— Чунин бояд кардан.
Шоҳ рӯй ба Тайрок кард, гуфт:
— Бархез ва бо Конун ба сарои Сурхи Кофар рав ва бандиёнро ба қалъаи Дувоздаҳдара бар.
Шаҳрон гуфт:
— Модару духтарро тартиб бояд кардан, ки бираванд.
Шоҳ ходиме ба ҳарам бифиристод ва [ходим] гуфт:
— Шуморо ба Дувоздаҳдара мебояд рафтан, тартиб бисозед.
Моҳсутун гуфт:
— Бо шоҳ бигӯед: «Пашояд моро ба қалъа фиристодан. Ман дар сарои хеш ҷое дорам, ки агар даҳ сол пинҳон шавам, кас надонад. На ту донӣ ва на ҳеҷ кас, магар лоло Райҳон, ки падари падари ман сохтааст; бо шоҳ намегуфтам».
Ходим биёмад ва бо шоҳ гуфт.
Шоҳ гуфт:
— Раво бошад.
Дарҳол бифармуд, то зану духтар ба шаҳр шуданд. Конуну Тайрок бар дари шаҳр омаданд. Зану духтари шоҳ дар он матмура 1 рафтанд ва барғи хеш бисохтанд 2.
Конуну Тайрок ба сарои Сурхи Кофар шуданд ва ҳар панҷ танро берун оварданд. Тайрок ишонро дар пеш кард ва рӯй ба роҳ ниҳод. Конун манзиле бо вай биёмад, гуфт:
1 Матмура — ниҳонхона;
2 Яъне: обу таом тартиб доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё