Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй паҳлавон, зинҳор бедор бошед. Ишонро нигоҳ доред, ки дом аст. Бошад ки Самакро битавонам гирифтан.

Тайрок бо дувист савор рӯй ба роҳ ниҳод, то ба Дувоздаҳдара расид. Дар миёни Дувоздаҳдара қалъае дид. Қутволи қалъа босиёсат буд, ҷаҳондида ва дар он қалъа бист мард буд аз баҳри он ки қалъа устувор буд бар мисоли хояи мурғ1. Пиндоштӣ, ки устоде ҷалд 2 онро ба чарх гардонидааст аз санг ва бар санг роҳе не.
Аз нимаи қалъа даре овехта буданд аз оҳан. Чун касе хостӣ, ки бар боло рафтӣ, Ғазбони қутвол худ биёмади ва дар бикшодӣ ва нардбони адим 3 фурӯ гузоштӣ миқдори бист поя ва он гаҳ ба боло баршудӣ.

Пас, чун Тайрок ба зери қалъа расид, ки ӯро хешованд буд, салом кард ва шарти хизмат ба ҷой овард.
Пас бандиёнро ба вай супурд. Гуфт:
— Эй паҳлавон, зинҳор ки бедору хушёр бошед, ки талабкори ишон мардест, ки ҳамаи ҷаҳон аз кору кирдори ӯ оҷизанд. Ишонро нигоҳ дор.

Дигар, Тайрок гуфт:
— То маро набинӣ, ҳеҷ касро ба қалъа раҳо макун.
Гуфт:
— Фармонбардорам.
[Тайрок] бозгашт, то пеши Арманшоҳ омад.

Муаллифи ахбор нақл мекунад, ки дар шаҳр ҷавонону мардон, ки даъвои айёрӣ карданд, чун мустамеъ шуданд 4, ки Самак Сурхи Кофарро барбаст ва аҳволҳо, ки Самак карда буд, ҳама аҷаб доштанд. Пас аз шаҳр берун рафтанд, ки ба хизмати Арманшоҳ меравем. Чун ба лашкаргоҳ расиданд, ба лашкаргоҳи Хуршедшоҳ рафтанд. Талоя чун пиёдагонро бидиданд, қасди ишон карданд, ки «кистед ва аз куҷо меоед?». Гуфтанд:
— Мо хизматгорони Хуршедшоҳем ва шогирдону шодихӯрдагони 5 Самаки айёр. Ба хизмат омадем.

1 Хояи муғ — тухми мурғ; 2 Ҷалд — чолок, ҳунарманд.
3 Адим — чармин, аз пӯст сохташуда; 4 Яъне: фаҳмиданд; 5 Шодихӯрда — касе, ки ғайбона ба касе ихлос баста ба саломатии ӯ шароб хӯрдааст.

пешина
аз 283
навбатӣ