Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Ҳасонат.
Парандаҳои касалшуда бо кишти ҳомологии вирусии сироятӣ устуворанд. Дар зардоби хун подтанҳо муддати дароз нигоҳ дошта мешаванд, аммо устувории бевоситаи ҳасонат аз сатҳи подтанҳои вирусбетарафкунанда вуҷуд надорад. Барои пешгирии касал, дар хориҷа ваксинаҳои камфаъолкардашударо истифода мебаранд. Дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ масолеҳи пешгиркунии касал то ҳоло вуҷуд надорад.

Пешгири ва чораҳои муборизабарӣ.
Ҳатман хоҷагиро бо парандаҳои солим пурра бояд гардонид. Барои чуҷабарори бояд тухумҳои аз мурғҳое, ки дар зардоби хунашон подтанҳои хоссе пайдо накардаанд гирифта мешаванд. Тухумҳои барои чўҷахобониро то хобонидан дар инкубатор ба муддати 30 дақиқа бо буғи фармалдегид (20-30мл, 17-20 грамм, перманганати калий, 12-15 мл об ба 1-3 камера) безарар мегардонанд. Биноҳои парандапарвари пеш аз парандаҳоро ворид кардан бо маҳлули фармалдегид (1%), ишқори натри (20%), оҳаки хлордор, ки фаъолнокии хлораш 2% аст безарар гардонида мешаванд. Мумкин аст, безараргардониро дар ҳузури парандаҳо гузаронид.
Барои ин аэрозоли атсиди шириро истифода мебаранд, маҳлули обии 20%-и резортсин ё триэтиленгликол аз руи ҳисоби 0,025 мавод ба 1м3 ҳавои бино 2-3 маротиба ва дар як рўз ба фосилаи 2 соат истифода бурда мешавад, ки он на зиёд аз 15-20 мл маҳлулро дар як дақиқа пош медиҳад.
Дар ҳолати муқарар кардани ташхис ба илтиҳоби сироятии найчаҳои шуш, хоҷагӣ (фермаҳои алоҳида) ноустувор эълон карда шуда монеъагӣ гузошта мешавад.
Баровардани тухм, ҷанин ва парандаҳои зинда, кашонидани хурокаи парандаҳо, масолеҳи дохили хоҷагӣ ҳамчунин, баровардани парандаҳо аз дигар хоҷгиҳо ва пурра гардонидани гуруҳҳои парандаҳои касалшударо манъ мекунанд.

пешина
аз 95
навбатӣ