КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Дар ҳолати пайдоиши касал дар мурғхонаҳои алоҳида, парандаҳои суст касалбуда, бемадор, ғайри кондитсиониро дар кушторгоҳҳои беҳдори кушта, ба партоватозакуни супорида нобуд мекунанд. Парандаҳои боқимонда барои куштан ба муассисаҳои парандакоркардкуни равон карда мешаванд. Дар ҳолати пайдоиши касал дар якчанд бино дар хоҷагӣ ба тарзи чида сақаткуни ва куштани касалҳо ва парандаҳои бемадор дар кушторгоҳҳои беҳдорӣ ва дар оянда ба коркарди орди гушту устухон коркард карда мешаванд.
Фуруши тухм ба воситаи нуқтаҳои савдо баъди безараргардонии онҳо бо буғи фармалдегид ба роҳ монда мешавад, аммо нимтаи парандаҳои кушта барои коркарди саноатӣ ё ба нуқтаи хўроки умумӣ равон карда мешавад.
Ахлот ва густаришро ба тарзи биотермикӣ безарар мегардонанд. Инкубаторҳо, мурғхонаҳо ва дастгоҳҳо хуб тозакардашуда, бо маҳлули 2%-аи гарми ишқори натри (ба фосилаи 2 соат), ва атроф бошад бо маҳлули 3%-аи ишқорӣ бо ҳамроҳ кардани маҳлули 1% фармалин безарар гардонида мешавад.
Биноро баъди ҳар 2-3 рўз ва мавзеъҳоро 1 маротиба дар як ҳафта безарар мегардонанд. Безараргардонии ҷориро дар ҳузури парандаҳо бо маҳлули гипохлориди натрӣ, ки фаъолнокиаш 2% (0,5 мл ба 1м3 –бино барои чуҷаҳо гирифта мешавад, 1гр оҳаки хлордор 0,1 мл скипидар, бо фосилаи 7 дақиқа гирифта мешавад. Барои парандаҳои болиғ – 2 грам оҳаки хлордор 0,2мл скипидар ба фосилаи 1-15 дақиқа) гузаронида мешавад.
Хоҷагиро ба илтиҳоби сироятии найчаҳои шуши мурғҳо баъди 3 моҳи охирон ҳолати ҷудо кардани парандаи касал устувор меҳисобанд.
Пеш аз гирифтани монеъагӣ безараргардонии охиронро хуб мегузаронанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё