Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Экскрет-мубрази сироятёфта ва луоби бинӣ болу пар ва масолеҳи атрофро сироятнок мекунад.
Аз ҳама бештар роҳҳои паҳншавии сироятёбӣ ин бо роҳҳои нафаскашӣ ва ба воситаи хурока мебошад. Касал дар ҳолати нигоҳдории парандаҳои солим бо касалҳо зудзуд паҳн мегардад.
Дар бисёр парандаҳо орнитоз бе нишона мегузарад.
Пайдоиш, паҳншавӣ ва сариран пайдо шудани касал, шароити бади нигоҳдории парандаҳо, зич ҷойгиркунӣ, хуроки камғизо ва инчунин дигар касалиҳои сирояткунанда (салмонеллёз, микоплазмоз ва ғ.) мебошанд.
Манбаи барангезандаи орнитоз парандаҳои ваҳшӣ ва хонагӣ мебошанд. Алоқаи эпизоотологии байни касалиҳои хламидиозии парандаҳо ва ҳайвонҳо номаълум мемонад.
Аҳамияти зиёди эпизоотологии манбаи муҳитии орнитоз ва гузариш аз онҳо парандаҳои парвозкунанда сироятёфта мебошанд. Орнитоз бештар дар байни парандаҳои ваҳшӣ, ки дар шакли калонияҳои калонӣ зич зиндагӣ мекунанд ба қайд гирифта мешавад. Шароити додашуда сабаби ҷамъшудани барангезанда дар муҳити беруна, бо сироят кардани якдигар ва ба таври васеъ паҳн шудани орнитоз мегардад. Дар ин ҳолатҳо метавонад алоқаи эпизоотологӣ дар байни намудҳои гуногуни парандаҳои ваҳшӣ бо якҷоягӣ ба равиши эпизоотологӣ ва парандаҳои хонагӣ ба амал ояд. Бештар эпизоотияи алоҳида дар байни намуди алоҳидаи парандаҳо, масалан дар байни кабутарҳои кабудранг дар шаҳрҳо ва ҷойҳои аҳолинишин пайдо мешавад.
Дар байни кабутарҳои нимваҳшии кабудранг ба орнитоз 30-40% ва солҳои алоҳида то 80% касал мешаванд. Марговарӣ 30-50%, буда дар байни ҷавонаҳо метавонад то 90% расад (V. Beer 1981).

пешина
аз 95
навбатӣ