Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Тавлиди касал.
Хламидияҳо ба воситаи ҳаво ба шуш ва халтачаҳои ҳаводор ворид шуда зуд афзоиш ёфта, баъди 2 шабонарўз ба хун ворид мегардад. Барангезанда ба тамоми организм кашонидашуда, дар роҳҳои нафаскашӣ, ситемаи ҷинсӣ, ҷигар, сипурз, мағзи устахон таҳшин мешавад ва дар он ҷойҳо газакҳо ва равишҳои бадҷинсиро ба амал меорад.
Якуякбора мубодилаи равишҳо вайрон шуда муқобилиятнокии табии суст мегардад, ки ин сабаби сирояти такрори мегардад.
Сирояти марговар метавонад ба сариран маълум шудани касал дар натиҷаи таъсири омилҳои таҳаҷуми (стрес) гузарад.

Ҷараён ва нишонаҳои касал.
Давраи номаълум гузаштани касал аз 3 рўз то 3 моҳ ва метавонад аз ин зиёд тул кашад. Нишонаҳои сарири касал ғайрихосаанд. Орнитоз дар парандаҳо нисбатан ба шакли ниҳонӣ ё ба намуди сирояти ноаён мегузарад. Дар тутиҳо касали сариран метавонад дар роҳҳои нафаскаши пайдо шавад, шакли рудагӣ ва омехтаи касал бо намуди шадид, зершадид ва бардавом мегузарад. Дар парандаҳои касал хоболудӣ, бемадорӣ беиштиҳоӣ ва исҳол мушоҳида мегарданд. Дар оянда ларзиши мушакҳо афзоиш меёбад.
Баъзан резиш аз бини ва фалаҷ пайдо мегардад. Касал ба харобшави ва марги паранда дар муддати 1-2 ҳафта баъди касал анҷом меёбад. Марг метавонад баъди суст пайдо шудани нишонаҳои касал ба амал ояд.
Дар кабутарҳо дар ҳолати ҷараёни шадид, бештар газаки мултаҳима, тарсидан аз равшанӣ, мушкили ҳангоми нафаскашӣ дар натиҷаи руст шудани сурохиҳои бинӣ, часпидани парҳо дар мавзеъи сар ва дар оянда шахшудани рашҳа мушоҳида мегардад. Баъзан илтиҳоби ҳерпесии сурхруда ва орнитоз дар онҳо якҷоя пайдо мегардад. Кабутарҳои ҷавон аз афзоиш бозмонда баъди харобии зиёд мемиранд. Дар парандаҳои зотӣ бештар шакли рудагии касал, аэроскакулит ва паст шудан ё сернаслӣ мушоҳида мегардад.

пешина
аз 95
навбатӣ