Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Ташхис.
Дар асоси нишонаҳои саририю-эпидемиологӣ, ташреҳию амрозӣ ва ҳатман натиҷаҳои таҳқиқоти озмоиши бо якҷоягии микроскопия кардани молишакҳо (пайдо кардани ҷисмчаҳои элементарӣ) ва озмоиши биологӣ дар мушҳои сафед ва ҷанини мурғҳо гузошта мешавад. Ба озмоишгоҳ ҷасади парандаҳо, ки дар якчанд қабати дока печонидашудааст ва бо маҳлули лизол ё фенол таркарда шудааст равон карда мешавад.
Барои ташхиси шакли марговарӣ орнитоз зардоби хуни парандаҳоро бо аксуламали АПК (РСК) тафтиш мекунанд. Дар хоҷагиҳои устувор дар парандаҳо потанҳои комплиментпайвасткунанда вуҷуд надорад. Тафтиши зиёдро бо роҳи ба дохили пуст равон кардани аллергени арнитозӣ ба мурғобиҳо ба холигии байни ҷоғ, дар мурғҳо ба гушвораҳо ба ҷо меоваранд.
Баъди 36-48 соат дар мурғобиҳо дар ҷои гузаронидани аллерген доғи сурх пайдо мегардад, ки байнаш сахти сафедча мебошад. Дар мурғҳо аксуламали илтиҳобии гушвораҳо 3-7 рўз давом мекунад.

Ташхиси тафриқавӣ.
Ҳатман нисбати, синусити вируси, зуком ва салмонеллёзи мурғобиҳо, касалии Нюкасла ва бисёр дигар касалиҳои сироятӣ гузаронидан лозим меояд.

Табобат.
Намегузаронанд.

Ҳасонат.
Баъди касалии орнитоз ҳасонати нопоки каммаълуми кутоҳмуддат ба аммал меояд. Вакцинаҳо бар зидди ин бемори вуҷуд надоранд. Дар хоҷагиҳои парандапарвари доимо тарсонидани парандаҳои ваҳшӣ, ки ба маҳали хоҷаги парвоз мекунанд лозим меояд. Роҳҳои вентиляциони ва тирезаҳои биноҳои истеҳсоли бояд ба панҷараҳо, турҳои оҳанин маҳкам бошанд. Майдончаҳои барои сайру гашти парандаҳо маҳкам карда шуда шароити назофотии нигоҳдорӣ парандаҳо ва хурокдиҳии онҳо назорат карда мешавад.

пешина
аз 95
навбатӣ