КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Дар мурғобиҳо, мурғҳои марҷон ва қозҳо бемадори, исҳол, газаки пилки чашмҳо, илтиҳоби мултаҳима, газаки шуш, бисёр лоғаршавии бадан ба амал меояд. Шароити бади назофоти ва салмонеллёз бештар равишҳои сариран пайдошави ва эпизоотологиро дар орнитоз фаъол мегардонад. Мурғҳои болиғ нисбатан ба барангезандаи орнитоз устуворанд, ва аслан ба тарзи зерсарири касал мешаванд.
Дар чуҷаҳо метавонад ларзиши мушакҳо, вайроншавии мувозинати ҳаракат дигар нишонаҳои газаки мағзи сар ва болопардаи он метавонад ба амал ояд.
Ҷараёни бардавом бештар дар кабутарҳо мушоҳида мешавад. Ҳолати кабутарҳо бад шуда зукоми бадбу мушоҳида мегардад. Дар ҳолати шакли марговарӣ орнитоз дар парандаҳои болиғ нишонаҳои сарири ғайрихосса буда маргӣ зиёд дар лонаҳояшон дар сини 14-
20 рузагӣ бо нишонаҳои исҳол ва илтиҳоби халтачаҳои ҳаводор ба қайд гирифта мешавад.
Тағиротҳои ташреҳию амрозиро - аслан дар болопардаҳои зардобии холигии сифоқ ва халтачаҳои ҳаводор (тирашавӣ, ҷамъшавии рашҳа ва фибрин ҷамшавӣ) пайдо мегардад.
Дар ҳолатҳои алоҳида газаки шуш бақайд гирифта Расми 15 мешавад. Сипурз сурхи торик, бисёр калоншуда, ҷигар рангаш якхела нест, бо фурурафтаҳои фавтида (некрозӣ) ё халтачаҳои пролиферативӣ пур мебошад. Гурдаҳо калоншуда, рангашон хокистарранг пардаҳои луобии рудаҳо газаки хуншорадор доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё