КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Тавлиди касал.
Дарвозаи сироят бофтаҳои эпителиалии зарардида мебошанд. Дар вирус майли ҳаракат ба трапизм, бофтаҳои эпителиалии роҳҳои нафаскашӣ мебошад, ки дар онҳо барқарор гашта равандҳои илтиҳобиро ба амал меорад.
Дар ин давра дар холигии хирной рашҳаҳои луобдор бо омехтаи хун ва фибрин пайдо мешавад. Аз бофтаҳои эпителиали вирус ба маҷроҳи хун ба дигар узвҳо, ки тағйирот ба амал намеорад мегузарад. Мавҷудияти вирус дар хун на онқадар дарозмуддат мебошад.
Вирус муддати дароз дар пардаи луобии хирной ва гулу боқи мемонад.
Ҷараён ва нишонаҳои касал.
Даври номаълум гузаштани касал бисёр гуногун буда метавонад ба таври шадид, камшадид, бардавом, инчунин дар шакли ларинготрахеали ва мултаҳимагӣ (конъютивиалӣ) гузарад. Шакли илтиҳоби муштараки ҳалқу хирной бо шиддат гузашта, бемадории умуми, набудани иштиҳо, камҳаракати мушоҳида мегардад. Дар парандаҳои оромистода садоҳои ҳуштакмонанд ва хирхиркуни шунида мешавад. Банд шудани ҳалқ ё хирной бо рашҳа ба вайроншавии нафаскашӣ оварда мерасонад.
Паранда бо минқори кушода, душвор нафас мегирад. Дар ҳолати сулфа кардан парандаҳо, рашҳа баъзан омехтаи хун мебароранд. Дар ҳолатҳои тулкашидан дар ҳалқ миқдори панирмонанди фибрин ҷамъ мешавад. Дар парандаи касал тухумгузори қатъ мегардад. Марговарӣ дар ҳолати ҷараёни шадиди касал то 10-60% мерасад.
Ҷараёни камшадид ва бардавоми касал бо нишонаҳои тағирот дар роҳҳои нафаскашӣ бо марҳилаҳо бо хубгаштан ва баргаштан ба ҳолати умумии паранда мегузарад.
Шакли мултаҳимаи касал дар хоҷагиҳои алоҳида мушоҳида мешавад. Дар давраи саршавии касал чуҷаҳои алоҳидаи сини 10-15 рўза ва дар оянда ҳамаи гуруҳи чуҷаҳо сироят меёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё