КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Нишонаҳои асосии саририи касал ин хуншораҳои пардаҳои луобии чашмҳо, тағир ёфтани шакли чашмҳо, варами чашмҳо ва рехтани оби чашмҳо мебошанд.
Тағиротҳои ташреҳию амрозӣ.
Дар ҳолати илтиҳоби муштараки ҳалқу хирной дар холигии сурохии гулу миқдори сохти назлӣ пайдо мешавад ва дар дарозии худи роҳи нафаскашӣ миқдори луоби хундор, ки сурохии хирной ва найчаҳои шушро пур мекунанд дида мешавад. Дар асоси забон бештар намлаи фибриндор пайдо мешавад.
Узвҳои лаҳм хуншорадор, дил калоншуда, пардаҳои луобии рудаҳо ва сурохии хориҷкунанда газакдор мебошанд.
Ташхис.
Мавҷудияти нишододҳои саририю эпизоотологӣ ва тағиротҳои ташреҳию амрозӣ фақат имкон медиҳанд ба пайдоиши илтиҳоби муштараки сироятии ҳалқу хирной шубҳа пайдо кард, аммо ташхиси ниҳои дар асоси натиҷаҳои санҷиши озмоиши, ки дар бар мегирад:
а) ҷудо кардани вирус аз моеъи хирнойи мурғи касал, дар ҷанини мурғҳо ё дар кишт.
б) озмоиши биологӣ бо чўҷаҳои ҳассос.
в) пайдо кардани омезаҳои (включение) дохили ҷанини дар буридаҳои гистологӣ ва молишакҳо, харошаҳо, ки аз пардаи луобии хирной гирифта шудааст.
г) таҳқиқоти бактериологӣ барои истисно кардани сирояти омехта.
д) аксуламали бетарафкуни таҳшиншавӣ дарозмуддат ва таҳшиншавӣ бо моеъи вирусдор.
Имкони ташхиси ретроспективӣ ва аксуламали бетарафкуни бо зардоби хуни парандаҳои касалшуда.
Вируси касал аслан марги ҷанини мурғҳоро намеорад ва барои ҳамин ҳисоби аксуламалро аз рўи касалот тағироти хосса дар болопардаи хрониоалантоисӣ мегузаронанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё