Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Эҳтимол дар таърих кам мардуме вуҷуд дорад, ки соҳиби чунин фарҳанги қадимаи иззати занон бошад. Аз ин лиҳоз, мо чунин суннату таомулҳои миллиамонро хеле бузургу боарзиш медонем ва бовар дорем, ки эҳё кардани ин ҷашн ба манфиати маънавии миллатамон хоҳад буд. Дар робита ба ин пешниҳод менамоям, ки ҳамасола рўзи 8-уми март ҳамчун Рўзи модар ҷашн гирифта шавад, вале на чун ҷашни маснўие, ки ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад, балки ҳамчун идомаи анъанаҳои бостонии халқи худамон, бо асолат ва мўҳтавои азалиаш таҷлил гардад.
Итминон дорам, ки ҷомеаи мо ба чунин иқдом, ки боз як падидаи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои ниёгонамон мебошад, омода аст.
Чунон ки зикр гардид, дар остонаи иди занону модарон ба сарзамини мо баҳор бо қадамҳои хуҷаставу сабзи худ расида, аз фарорасии Наврўзи оламафрўз башорат медиҳад.
Дар домони сабзи табиат шумо – бонувон низ монанди гулҳои зебову шукуфоне ҳастед, ки бо таровату малоҳати хоса, дастони ҳунарофар ва меҳру шафқати худ ба он ҳусни тоза мебахшед.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ин иди фархунда самимона табрик гуфта, бароятон тандурустиву саодати рўзгор, бахту иқболи нек ва сулҳу осоиш орзу менамоям.
Бигзор, дилҳои шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кўҳистони тоҷик поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошанд!
Идатон муборак бошад, модарон ва хоҳарони азиз!

пешина
аз 127
навбатӣ