ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
ПАЁМИ ТАБРИКИИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ
МОДАР
(7 марти соли 2010)
Модарону хоҳарони гиромӣ!
Фарзандони азиз!
Бисёр хушҳолам, ки дар ин рўзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебои сарзамини бостониамон ҷашни шуморо табрик мегўям.
Соли дуввум аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун Рўзи модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан – модар таҷлил мекунад.
Аз ин лиҳоз, Рўзи модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.
Албатта, барои ҳар як миллат ва ҳар шахси бонангу номус ҳар рўз рўзи модар аст.
Лекин мо ин рўзро махсус чунин ном ниҳодем, ки эҳтирому арҷгузории хосаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хеш – офарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит созем.
Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шаборўзии модар аст.
Яъне дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рў, башарият ҳамеша аз ў сипосгузор мебошад.
Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрўзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё