ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Дар робита ба нақши созандагии бонувони тоҷик мехоҳам бо изҳори миннатдорӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар бунёди иншооти тақдирсози аср – нерўгоҳи барқи обии Роғун ёдовар шавам.
Модарону хоҳарони азизи мо аз аввалинҳо шуда, дастгириву ҳамовозии хешро ба хотири бунёди ин кохи нур иброз намуданд.
Ҳамзамон бо ин, баробари ба фурўш баромадани саҳмияҳои нерўгоҳи мазкур занону модарони баландҳиммати мо дар харидории онҳо беш аз ҳама ташаббус нишон дода истодаанд, ки ин худ намунаи олии ватандўстӣ мебошад.
Мо бо занону модарони худ ҳамеша ифтихор мекунем.
Зеро Модари тоҷик дар тўли садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд.
Орзўи имрўзаи мо аз занону модарони арҷмандамон ин аст, ки онҳо рисолати ҳамешагии хеш – тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами кишварамонро ба сўи уфуқҳои ояндаи дурахшон парафшон баранд.
Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ў қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории ў расем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё