ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Барои амалӣ намудани ин мақсади наҷиб Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ қонуну барномаҳои муҳимеро қабул намуд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои кору зиндагии занон, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳалли масоили мубрами ҳаёти кишвар ва рушди устувори он мебошад.
Занону духтарони арҷманди мо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат дар баробари мардон заҳмат кашида, ба хотири таҳкими иқтидор ва мақоми шоистаи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош доранд.
Дар таърихи навини мо занон дар фаъолияти мақоми олии қонунбарор – парламенти кишвар низ саҳми назаррас мегузоранд.
Онҳо дар таҳия, қабул ва татбиқи қонунҳои ба талаби замон мутобиқ фаъолона ширкат меварзанд.
Имсол низ шумораи зиёди бонувони фаъоли мо номзадии хешро ба вакилии парламенти мамлакат пешниҳод намуда, ба пирўзӣ ноил гардиданд. Ин боз як нишонаи торафт мустаҳкам гардидани мақом ва манзалати зан дар ҷомеаи мо мебошад.
Дар замони муосир ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати занон тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Саҳми онҳо хусусан дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад.
Бо мақсади таҳкими мақоми зан дар ҷомеа Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи бо таҳсил фаро гирифтани духтарон ҳамеша таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё