Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бинобар ин, худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ки дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми онҳо ба хубӣ эҳсос гардад. Дар ин ҳолат, афроди ҷомеаи таълимдидаву тарбиягирифта, соҳибмаърифату донишманд ва худогоҳу худшинос, пеш аз ҳама, иззату эҳтироми падару модари худро ба ҷо оварда, дўст доштани сарзамини аҷдодӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси Ватанро рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии худ медонанд.
Аз ин лиҳоз, таълиму тарбияи фарзандон, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси падару модарон ва баъдан мактаб ва ҷомеа мебошад.
Бояд гуфт, ки таълиму тарбияи кўдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти мушкилоту масъалаҳои дар ин самт мавҷуда мо лозим донистем, ки тадбирҳои мушаххас андешем.
Дар натиҷа чанде пештар ба хотири баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва мустаҳкам намудани робитаи оила бо мактаб баъд аз муҳокимаи васеъ бо аҳли ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд, ки он ба эътирофи коршиносони маъруфи соҳаи ҳуқуқ падидаи нодир маҳсуб мешавад.
Ҳадафи асосӣ аз қабули ин қонуни миллӣ ба воя расонидани насли солиму тарбиядида ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат мебошад, ки пешрафту тараққиёт ва ободии ояндаи Ватани маҳбубамон ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд.
Мо ба ин васила мехоҳем, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои неки ҷомеаи суннатии худ раванди ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва пешрафтаро тақвият бахшем ва кўдакону наврасони кишварамон ҳамчун инсонҳои андешаманду огоҳ ва соҳибмаърифату бофарҳанг ба камол расида, барои худ ва наслҳои оянда зиндагии шоистаро таъмин намоянд.

пешина
аз 127
навбатӣ