Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вале тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, баъзе афроди ҷомеа моҳият ва талаботи асосии ин қонунро ҳанўз амиқ дарк накардаанд.
Бо дарназардошти ин, ба масъулини соҳа супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи талаботи қонуни мазкур бо ҷалби тамоми имкониятҳо, аз ҷумла нерўи созандаи аҳли зиё ва умуман ҳамаи аъзои ҷомеа тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Илму маориф дар ҳама давру замонҳо нишони тамаддун ва таъриху фарҳанги ҳар як давлату миллат мебошад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо дафтару девон сару кор доштанд, китобдору китобхон буданд ва дар бунёди тамаддуни башарият бо корномаҳои илмиву фарҳангии худ саҳми шоиста гузоштаанд.
Ҳамчунин боиси ифтихор аст, ки садҳо нафар фарзонаҳои илму адаби ҷаҳонро модарони тоҷик ба дунё овардаанд.
Имрўз беш аз пеш аён мегардад, ки пешрафти давлат ва нерўмандии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба истифода ва риояи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, ки бе таълиму тарбияи дуруст зуҳур кардан ва натиҷа бахшидани онҳо амри маҳол аст.
Аз ин рў, Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон карда, дар доираи он ба таҳсил фаро гирифтани духтаронро яке аз масъалаҳои муҳим мешуморад.
Чунонки шумо дар хотир доред, дар солҳои аввали истиқлолият масъалаи таҳсили духтарон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфта буд. Аз соли 1997 шурўъ намуда, бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ, бахусус аз ноҳияҳои дурдасти кўҳистон дар ҳама макотиби олии мамлакат квотаи махсуси президентӣ ҷорӣ кардем.

пешина
аз 127
навбатӣ