ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Чунин муассисаҳо бояд ба тарбияи зеҳниву ҷисмонии кўдакон мусоидат намоянд ва онҳоро ба мактаб омода созанд.
Ин масъала хеле муҳим аст ва роҳбарияти Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли он бояд чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба ин кори хайр, яъне ташкили муассисаҳои томактабӣ тоҷирону соҳибкорон ва дигар шахсони саховатмандро ҷалб кардан лозим аст.
Хушбахтона, имрўз дар кишвари мо чунин шахсони хайрхоҳу савобҷўй хеле зиёданд. Бо рушди шабакаи муассисаҳои томактабӣ ҳам фарзандони хурдсоли мардум бо таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд ва ҳам садҳо нафар бо ҷои корӣ таъмин мегарданд.
Дар Паёми соли гузаштаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда будам, ки Кумитаи кор бо занон ва оила доир ба тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015 барномаи махсуси давлатиро таҳия намояд. Лоиҳаи барномаи мазкур аллакай таҳия шуда, айни замон дар Ҳукумат мавриди баррасӣ қарор дорад.
Илова бар ин, ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ, ташкили кори хонагӣ ва дигар касбу ихтисосҳои ба имконияту қобилияти занон мувофиқ, инчунин омўзиши касбҳои замонавии ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат мунтазам чораҷўӣ намояд.
Дар баробари ин, ба ҳамаи ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин созмонҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии занон фаъолияти худро бештар ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва касбомўзӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, рушди соҳибкорӣ ва бахусус беҳдошти кору зиндагии занону духтарон равона созанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё