ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Ба шарофати ин иқдом дар тўли 15 соли охир тақрибан 8 ҳазор нафар ҷавондухтарон соҳиби маълумоти миёнаву олии касбӣ гашта, имрўз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ фаъолият карда истодаанд.
Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қариб се ҳазор нафар ҷавондухтарон тибқи квотаи президентӣ таҳсил доранд.
Умуман, дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ҳоло зиёда аз 150 ҳазор нафар донишҷўён таҳсил менамоянд, ки 45 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Вале тавре ки таҳлил нишон медиҳад, фаъолияти баъзе мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба татбиқи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ва нақшаву барномаҳои соҳавӣ ҳанўз қаноатбахш нест.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷўҳи масъулини сохторҳои дахлдорро боз ба як масъалаи муҳим ҷалб намоям. Мо зарурати ширкати занонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва саҳми онҳоро дар рушди иқтисодиёти миллӣ мудом таъкид месозем.
Вале барои ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Худ қазоват кунед, ҷавонзане, ки ду-се кўдаки ноболиғ дорад, оё дар ин ҷода муваффақ шуда метавонад? Барои ин ў бояд хотирҷамъ ва аз ваҷҳи кўдакони хурдсолаш осуда бошад. Ин дар сурате муяссар мегардад, ки дар шаҳру деҳот муассисаҳои томактабии ҳозиразамон дар сатҳи зарурӣ фаъолият дошта бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё