ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Яқин аст, ки онҳоро низ муҳити ҳазорон занони хирадманд ва духтарони диловар парваридааст.
Мо ҳоло дар анҷоми асри ХХ қарор дорем ва ин асри пурҳодиса ҳам ба майдони сиёсату фарҳанг, илму ҳунар ва меҳнату шуҷоат садҳо занонеро баровард, ки ному корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллатамон абадан боқӣ хоҳанд монд.
Имрўз мову шумо номҳои Малика Собирова, Тўҳфа Фозилова, София Тўйбоева, Ойгул Муҳаммадҷонова, Розия Озод, Соро Юсуфоваро бо эҳтирому сипоси хоса ба забон мегирем ва аз далериву фидокориҳои онҳо сабақҳои зиндагиву дарси ибрат меомўзем.
Боварӣ дорам, ки ҳар яку шумо, ҳозирини мўҳтарам, дар ҷойи худ, дар арсаи кору пайкори худ шоистаи ҳамин гуна эҳтирому сипос ҳастед ва хоҳед буд.
Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд.
Аз рўзгори Ҳазрати Муҳаммад ва саҳобаҳои эшон бисёр мисолҳои пандомўзу ибратбахш овардан мумкин аст, ки гувоҳи эҳтироми беандозаи ин абармардон нисбат ба зан-модар мебошанд.
Яке аз чунин ривоятҳо бо номи Султон Увайси Қаранӣ, ки дар байни мардуми тоҷик ихлосмандони зиёд дорад ва ман ин қиссаро дар наврасӣ аз модар шунида будам, алоқаманд мебошад: замоне модари Ҳазрати Султон бемор мешавад ва аз фарзанд об талаб мекунад.
Вақте ки ў дар коса об гирифта, вориди хона мешавад, хоби модар бурда буд. Субҳ модар чашм боз мекунад ва Ҳазрати Султонро коса дар даст мебинад, аз бими он ки шарфаи пояш хоби модарро нороҳат насозад, тамоми шаб дар остонаи дар рост истода буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё