ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Беҳуда нест, ки дар ҳадиси Пайғамбар омадааст:
Биҳиштро подшоҳон аст ва Увайси Қаранӣ аз подшоҳони биҳишт аст ва ин ҳама саодат аз баракати ризо ва хушнудии модар ёфт.
Яъне, агар ризои мехоҳӣ, ризои модар талаб.
Аз ин рў, ҳар хизмате, ки мо барои Ватан мекунем, хизмат ба модар аст ва ҳар хиёнате, ки нисбат ба Ватан сар мезанад, хиёнат нисбат ба модар мебошад. Зеро модар худ рамзи Ватан аст!
Дар душворитарин лаҳзаҳое, ки аз ибтидои солҳои 90-ум ба сари халқи мо омад, модарону хоҳаронамон наҳаросиданд, ноумед нашуданд, ба дасисаву иғвогариҳои унсурҳои маҳалгарову мансабталош фирефта нашуданд, балки мардумро ба ҳар восита ба сулҳу оштӣ, меҳрубониву шафқат даъват ва ба сари инсофу адолат ҳидоят намуданд.
Маҳрумият ва азобу кулфати ҳодисаҳои фалокатборе, ки халқи Тоҷикистон аз сар гузаронд, пеш аз ҳама ба дўши занону модарон афтод. Бисёр модарону хоҳарони мо азизону пайвандонашонро талаф доданд, аммо аз фаъолият даст накашиданд.
Баръакс, солҳои охир дар идораи тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дар созмону ҳаракатҳои ҷамъиятӣ фаъолияти занони ҷумҳурии мо беш аз пеш назаррас мегардад.
Ин ҳама, бешубҳа, гувоҳи дурустии роҳи сиёсие мебошад, ки роҳбарияти давлати Тоҷикистон пеш гирифтааст.
Мо дар асоси Конститутсия, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кардаем, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ месозем. Ва дар ин ҷараён нақши шумо, модарону хоҳарони азиз, ниҳоят муҳим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё