Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бояд таъкид намуд, ки мо ҷузъи башарияти мутамаддин ҳастем ва чунин давлати демократие месозем, ки ҳуқуқ ва озодии ҳар фарди ҷомеа, аз ҷумла занону духтаронро дифоъ карда, барои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият шароити мусоид фароҳам оварад.
Бинобар ин, чунон ки ман борҳо дар суханрониҳои худ аз минбарҳои гуногуни созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон таъкид карда будам, мо на давлати атеистӣ сохтанӣ ҳастем ва на давлате, ки ба таассуби динӣ ва хурофот асос ёфта, чархи таърихро ба ақиб гардонидан мехоҳад. Танҳо давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ба ҳамзистии афкору ақидаҳои гуногун, дину мазҳабҳо ва озодии виҷдон шароит фароҳам оварда метавонад.
Баъди ба истиқлолият расидани Тоҷикистон бисёре аз шумоён ба мамлакатҳои дуру наздики шарқу ғарб сафарҳо кардед ва имкон доштед бо чашмони худ бубинед, ки дар кишварҳои сохти давлатиашон гуногун занон чӣ кору зиндагӣ доранду риояи ҳуқуқи занон дар он давлатҳо чӣ гуна аст. Худатон таҳлил кунеду хулоса бароред.
Ман қаблан борҳо гуфта будам ва ҳоло мехоҳам бори дигар таъкид намоям: занону духтарон дар ҷомеаи мо нерўи бузурганд ва агар онҳо нахоҳанд, ягон қувва моро аз роҳи пешгирифтаамон, яъне роҳи бунёди давлати мутамаддин ва демократӣ бозгардонда наметавонад.
Даъвои баъзе аз мунаққидон ин аст, ки озодии занон гўё боиси костагии ахлоқ ва маънавиёти онҳо мегашта бошад. Ин ақида комилан хатост. Озодӣ, албатта, дар доираи қонунҳои амалкунанда, ба рўҳу завқ ва истеъдоду қобилияти инсон имкониятҳои беҳудуд фароҳам меорад.
Баръакс, сохте, ки ба зўриву таассуб асос ёфтааст, касро маҷбур мекунад, ки роҳҳои макру фиреб ва дурўягиву риёкориро пеш гирад, гумроҳ шавад, ба дину диёнати хеш хиёнат кунад.

пешина
аз 127
навбатӣ