Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳадафи мо аз таҷлили ин ҷашн танҳо қайд кардани як санаи муҳими таърихӣ нест. Шахсан ман ҳеҷ намехоҳам ва намегузорам, ки ин қадар талошу кўшишҳои мо бо гузаронидани як маҷлиси тантанавӣ, кушодани ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва консерти идона маҳдуд шавад.
Ин маъракаҳо хеле муҳиманд ва мо бо дастгириву пуштибонии халқи Тоҷикистон онҳоро ҳатман дар сатҳи баланд мегузаронем.
Лекин ҳадафи аслии мо аз ин ҷашн хеле васеътару амиқтар аст. Ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён омили муқтадири ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, василаи муассири бедор кардани ҳофизаи таърихӣ, худогоҳӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандории тоҷикон ва халқи Тоҷикистон бояд бошад.
Мулоқотҳое, ки ман дар вилоятҳои Бадахшон, Хатлон, Ленинобод ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо мардум доштам, исбот намуданд, ки халқи ҷумҳурӣ аз хурд то калон ҳадафи аслии моро аз таҷлили 1100- солагии давлати Сомониён, зарурати таърихӣ ва моҳияти умумимилливу давлатии ин ҷашнро ба хубӣ дарк кардааст.
Марафони «Ворисони Сомониёнем», ки ба наздикӣ гузаронида шуд, эътимоди моро ба ин бори дигар тасдиқ намуд.
Умедворам, ки шумо, модарону хоҳарони азизи мо, дар талқини ғояву ҳадафҳои наҷиби ватандорӣ ва ифтихори миллӣ дар муҳити оила ва умуман ҷомеаи Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоред.
Бори дигар ман ҳамчун фарзанд ба шумо – модарони азиз ва ҳамчун бародар ба шумо – хоҳарони меҳрубон, муроҷиат карда, хоҳиш менамоям, ки ба масъалаи тарбияи ахлоқӣ, фарҳангӣ, инсонпарварӣ, ватандорӣ, меҳнатдўстӣ ва дигар хислатҳои неки башарии фарзандон боз ҳам ҷиддитар рў оварда, дар таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ, озодӣ, ободӣ ва созандагии кишвар пуштибону такягоҳи боэътимод ва татбиқкунандаи сиёсати имрўзаи давлат будани худро амалан исбот намоед.

пешина
аз 127
навбатӣ