ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Шумо метавонед собит кунед, ки зани тоҷик ҳамон модарест, ки Исмоили Сомонӣ, ҳамчунин садҳо шоирону нависандагон, олимону санъаткорон ва дигар бузургмардонро ба дунё оварда, тавассути онҳо шаъну шўҳрати миллаташро дар арсаи олам боло бардоштааст.
Иҷозат диҳед шумо ва дар шахси шумо тамоми модарони азиз, хоҳарони мушфиқ ва духтарони меҳрубони кишварамонро бори дигар бо фаро расидани иди фархундаи 8-Март, иди таҷассуми зебоиву сарсабзӣ самимона табрику муборакбод гўям.
Ба ҳамаатон тани сиҳат, рўҳи болида, рўзгори обод ва дар кору фаъолияти созандаи шумо дастовардҳои бузург орзумандам!
Ид муборак, хоҳарону модарони азиз!
Ташаккур!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё