ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Баландии мартаба ва сатҳи фарҳангиву маънавии миллати мо аз ҳамин низ маълум аст, ки дар байни шоирону нависандагон, олимону ҳунармандон занон низ кам набуданд.
Моро имрўз ҳам лозим аст, ки бо тамоми роҳҳо барои рушду нумўи дониш ва малакаи занони соҳибистеъдод, занҳое, ки аз ўҳдаи ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои рўзгори мо баромада метавонанд, шароити мусоид фароҳам оварем. Зеро бе иштироки занҳои ташаббускору ғайратманд, маслиҳатҳои муфиди модарони рўзгордида гумон аст, ки мо ба орзуҳои неки хеш бирасем ва барои насли оянда зиндагии осудаву ободро муҳайё созем.
Маҳз бо дарназардошти ин мақсаду маром Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсус тарҳрезӣ менамояд. Яке аз корҳои назаррасе, ки нисбати занҳо ва ояндаи онҳо ба сомон расонида шуд, ин аст, ки дар ҳамаи мактабҳои олию миёнаи махсуси кишвар барои духтарони ноҳияҳои кўҳистон квотаи президентӣ ҷорӣ карда шуд.
Мувофиқи ин супориш соли чорум аст, ки духтарони аълохони мактабҳои ноҳияҳои дурдасти кўҳистон дар асоси имтиёзҳои мўхайёнамудаи Президенти мамлакат ба донишкадаҳои олии пойтахт дохил мешаванд. Чунончӣ, то имрўз дар асоси квотаи президентӣ қариб 1400 нафар духтарон аз гўшаю канорҳои гуногуни мамлакат донишҷў гардидаанд.
Вале ин ҳоло моро қонеъ карда наметавонад ва дар ин самт бояд корҳои зиёдеро ба анҷом расонид, то ки сафи донишҷўён аз ҳисоби духтарон сол аз сол афзояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё