ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Баъд аз анҷоми таҳсил ин духтарон ба зодгоҳи худ баргашта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, маориф, фарҳанг, нигаҳдории тандурустӣ кор мекунанд, дар тарбияи инсонҳои нексиришт, соҳибмаърифату ватандўст саҳм мегиранд.
Бегуфтугў, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, он ҷомеа босуръат пеш хоҳад рафт ва дар он шумораи зиёди фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт.
Дар баробари ин бояд рўйирост гўем, ки вазифаи зан фақат ҳаст кардани фарзандони сершумор нест.
Вазифаи асосӣ тарбия намудани фарзандони солим, дорои ахлоқи шоиста, соҳибмаълумоту соҳибкасб мебошад.
Ҳаёт собит месозад: дар он хонаводае, ки зан – модар бомаърифату хушахлоқ мебошад, аксар вақт фарзандони сазовори номи нек ба воя мерасанд.
Бояд ба он муваффақ шуд, ки дар ҳар хонадон фарзандон бо тарбияи ҳаматарафа фаро гирифта шаванд, барои ба амал баровардани қобилиятҳояшон шароит дошта бошанд, барои таҳсил дар донишгоҳҳои дилхоҳашон имкон пайдо намоянд.
Танҳо дар ҳамон сурат нерўи зеҳнии ҷомеа тараққӣ меёбад, сафи мутахассисони варзида меафзояд, илму фарҳанг пеш меравад, сатҳи зиндагӣ баланд мешавад.
Чунон ки мегўянд, фарзанди хуб – боғи падар, фарзанди бад – доғи падар. Мо бояд фарзандонеро ба камол расонем, ки на доғ, балки боғи падару модари хеш гарданд ва нафърасони мардум бошанд.
Боз як масъалае, ки бояд ҳамеша дар мадди назари ҷомеа бошад, ҳифзи сиҳатии модару кўдак, бахусус сиҳатии зани деҳот мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳадди ин мушкилот тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода карда истодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё