Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Зеро мо хуб медонем, ки ҷомеаи солиму пешқадам ба занони ҷисману рўҳан солим, нексиришту соҳибмаърифат, ки ин хислатҳояшон ҳатман дар хулқу атвори фарзандонашон зоҳир мегардад, ҳамеша ниёз дорад.
Вале ҳифз намудани саломатии занон ва кўдакон бе тарбияи табибони ҳозиқ, ки аксарашон бояд занон бошанд, аз имкон берун аст.
Фикр мекунам, ки масъалаи ба донишкада ва коллеҷҳои тиббӣ харчӣ бештар ҷалб намудани духтарон, хусусан аз ноҳияҳои кўҳистон бояд ҳамеша дар мадди назари Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи кор бо занон ва дигар ташкилоту созмонҳои дахлдор бошад.
Мо бояд шукргузори замони осоишта бошем, ки дар ин давра зан-модар бори дигар дар ҷамъияти мо ба мақому манзалати воқеӣ молик гардид. Ўро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ, роҳбару роҳнамои мардум, адибаву муҳандиси номдор, табибу омўзгори маъруф, коргари ҳунарманду деҳқони асил шинохтаанд.
Ҳамаи ин меваҳои ширини истиқлолияти давлати мост ва моро зарур аст, ки ба қадри он расида ин дастовардҳои худро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем ва рўз то рўз онҳоро афзун гардонем.
Вобаста ба ин мехоҳам бори дигар таъкид кунам, ки имрўз тарбияи ҳисси эҳтиром ба арзишҳои волои миллию фарҳангӣ, ҳисси баланди ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин аст. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ватандўстӣ фақат муҳаббат ба зодгоҳ ва маҳал нест, балки он муҳаббати бепоён ба Ватани ягонаамон – Тоҷикистон мебошад.
Аз ин рў, мо бояд дар дили ҳар як фард ҳанўз аз синни кўдакӣ нангу номуси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ, ҳисси бузурги эҳтиромро ба рамзҳои муқаддаси давлат – Конститутсия, Нишону Парчам, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасоти миллати хеш тарбия намоем.

пешина
аз 127
навбатӣ