ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Дараҷаи саволу маърифат ва густариши ҷаҳонбинии нав бошад, танҳо бо роҳи таъмини саводу маърифати зан-модар ба даст меояд. Вобаста ба ин,масъалаи омўзиши забонро, ки ҳамчунин аз оила оғоз мегирад, бори дигар таъкид менамоям. Занону модарон бояд ифтихор дошта бошанд,ки башарият, аз ҷумла мо – тоҷикон забони худро бо номи забони модарӣ мешиносем.
Дар айни замон, занону модарон масъулияти покизагии забон, сатҳи забондонии фарзандон ва дар баробари ин, омўзиши забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ ва англисиро, ки имрўз аллакай талаботи ногузири ҷомеаи пешрафта мебошад, ба зимма доранд. Илова бар ин, ҳоло зарурате пеш омадааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон доир ба омўзиши забонҳои хориҷӣ тадбирҳои қатъитар ва муассир андешад.
Ҳозирони гиромӣ!
Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва ҷалби ҳарчи бештари занони бомаърифат дар корҳои идораи давлат моҳи декабри соли 1999 фармони Президенти Тоҷикистон қабул шуд. Дар натиҷаи татбиқи талаботи ин фармон шумораи заноне, ки ба зинаҳои гуногуни роҳбарӣ тавсия шуданду имрўз дар вазифаҳои масъул кор карда истодаанд,дар маҷмўъ нисбат ба давраи то қабули фармон қариб ду баробар афзуд. Ин нишондиҳанда дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон се баробар ва дар баъзе минтақаҳои дигар афзоиши аз ин ҳам бештарро ташкил медиҳад.
Имрўз занон дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти кишвар қувваи бузургро ташкил менамоянд. Ҳоло қариб 45 фоизи шумораи умумии кормандон, аз ҷумла роҳбарони зинаҳои гуногунро занон ташкил менамояд, ки ин нишондиҳанда аз шумораи миёнаи давлатҳои ҷаҳон 11 фоиз зиёд мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё