Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2001 занон дар соҳаи маориф 51 фоиз, тандурустӣ 58,0 фоиз ва фарҳанг 48 фоизро,ки аз он 22 фоизаш занони маълумоти олидор мебошанд, ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди ин, ҳанўз ҳам дар мактабҳои мамлакат, хусусан дар деҳот омўзгорон намерасанд, муассисаҳои табобатӣ, махсусан ноҳияҳои кўҳистон, бо шумораи зарурии духтурон таъмин нестанд. Дар маҷмўъ имрўз дар кишвар зиёда аз 12 ҳазор муаллимон, қариб 3 ҳазор духтурони маълумоти олидор ва 6 ҳазор кормандони миёнаи соҳаи тиб намерасанд. Тасаввур кунед, ки дар се беморхонаи ноҳияи Тоҷикобод ҳамагӣ як духтурзан ба шаш ҳазор оила хизмат мерасонад. Дар ду беморхонае, ки дар деҳоти дурдасти ноҳияи мазкур сохта шудаанд, якнафарӣ духтур кор мекунаду халос. Масъулони соҳаҳо бояд аз ин вазъ хулоса бароранд ва ба хотири рафъи мушкилот тадбирҳои зарурӣ андешанд. Яке аз роҳхои асосии рафъи мушкилот – ҳамкории ҳарчи бештари вазорату идораҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва татбиқи якҷояи чорабиниҳо мебошад.
Ҳукумат аз ҷониби худ асоси ҳуқуқии ҳалли масъалаҳоро ба таври возеҳу равшан ба вуҷуд овардааст ва минбаъд низ проблемаҳои занону духтарон, пеш аз ҳама тарбияи кадрҳо ва болоравии хизматии онҳоро зери назорати доимӣ қарор хоҳад дод. Мо ҳамчунин шуғли аҳолӣ, яъне бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, аз ҷумла занон, инчунин ҳифзи иҷтимои онҳоро дар марҳилаи имрўзаи инкишофи мамлакатамон ба қатори масъалаҳои дорои аҳамияти умумидавлатӣ дохил кардаем ва дар ин бобат минбаъд низ тадбирҳои муассир меандешем.
Дар айни замон, барои ҳалли тадриҷан проблемаи бекорӣ тамоми мақомоти давлативу ғайридавлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ташкилоту корхонаҳо, ширкату ассосиатсияҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва сохторҳои дигар масъулият доранд.

пешина
аз 127
навбатӣ