Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бо назардошти аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва сиёсии ин масъала, ҳамчунин беҳдошти минбаъдаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа соли гузашта мо доир ба проблемаҳои демографӣ ва танзими оила чорабинии махсус гузаронидем. Бояд гўям, ки бинобар менталитети миллӣ ва ҷаҳонбиниву ақидаи мардуми мо ба муҳокимаи умум гузоштани ин масъала чандон содда набуд.
Ҳарчанд ки теъдоди аъзои оила ва фарзандон кори худи оила аст, лекин вазифаи мо аз ин иборат буд, ки дар бораи оқибатҳои ногувори афзоиши бенизоми аҳолӣ ҳам барои оилаҳо, пеш аз ҳама занон ва ҳам барои ҷомеа ҳақиқати талхро гўем. Воқеан дар шароити глобализатсияи проблемаҳои башарият, бархўрди манфиатҳои давлатҳои мухталиф аз як тараф ва асри пешрафти бесобиқаи илму техника ва технологияи муосир аз тарафи дигар ҳар як оиларо маҷбур месозад, ки фарзанди солиму ҳушёр, забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъро тарбия намояд. Зан-модар низ ба тақозои замона бояд на аз пайи шумораи зиёди фарзандон, балки дар фикри баланд бардоштани сатҳи маърифати худ, тарбияи хуби фарзандон, ба оянда тайёр кардани онҳо, инчунин хуб дарк кардани ҳуқуқу вазифаҳояш ва мавқеи иҷтимоияш бошад. Бо мақсади мусоидат кардан ба ҳалли вазифаҳои зикршуда баъди гузаронидани чорабиниҳои танзими оила мо Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2003–2015 ва моҳи январи ҳамин сол қарори Ҳукуматро доир ба тасдиқи Барномаи татбиқи он қабул кардем. Ҳадафи асосии барнома ғайр аз танзими оила ва фароҳам овардани шароит барои болоравии сифати зиндагии аҳолӣ, боз ҳам баланд бардоштани фаъолияти занон дар таҳсил, меҳнат, таъмини иштироки ҳарчи бештари онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад. Ғайр аз ин, мо ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро низ қабул кардем, ки мақсади он таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

пешина
аз 127
навбатӣ