Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вале як нуқтаро бояд таъкид намоям: санадҳои иқтисодии қабулкардаамон танҳо ҳамон вақт самара медиҳанд, ки мардум тарзи зиндагии оқилона ва ҳамқадами замонаи пешрафт буданро мароми ҳаррўзаи худ қарор диҳанд, нисбат ба тақдири наслҳои оянда, тақдири миллат, Ватан ва давлати худ дилсўз бошанд.
Итминони комил дорам, ки ҳамин тавр ҳам мешавад ва занону модарони мо ҳамчун қувваи бузурги иҷтимоӣ дар иҷрои нақшаҳои ба ояндаи нек нигаронидашуда саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Модари тоҷик, ки дар тўли асрҳои дароз ба инсоният ҳазорон алломаву нобиғаҳоро додааст, сиёсатмадорону давлатдорони бузург, паҳлавонону қаҳрамонони миллатро дар домани покаш парваридааст, имрўз ва оянда низ қодир аст фарзандоне ба дунё орад, ки номбардорони аҷдоди хирадманду сарбаланди худ бошанд ва ба ганҷинаи тамаддуни башарият мисли гузаштагони хеш дурдонаҳои ноб ҳамроҳ намоянд. Занону модарони оқилу баномуси мо ҳалқаҳои заррини пайванди гузашта бо имрўзу ояндаи миллати кўҳанбунёди мо ҳастанд.
Фарҳанги волои миллати соҳибмаърифат ва тамаддунсози мо аз аллаи ширини тоҷикии занону модарони меҳрубон ва поксиришти мо ибтидо мегирад.
Пас меарзад, ки чунин занону модарони фозилро тоҷи сар намоем ва дар назди қадру манзалати олии онҳо мардона сари эҳтиром ва таъзим фуруд орем.
Мехоҳам паёми табрикотии худро бо як байт аз гузаштагони хирадмандамон, ки бозгўйи ҳадиси Пайғамбари мо мебошад, хотима бахшам:

пешина
аз 127
навбатӣ