ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Дар солҳои 2001–2005 муассисаҳои таълимоти олиро 9000 нафар бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардаанд, ки 1100 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Аксари онҳо дар мақомоти судӣ ва прокуратура, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо бомуваффақият фаъолият доранд. Вале имрўз дар мақомоти роҳбарии Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ ва Шўрои адлия ягон нафар зан фаъолият надорад.
Ҳарчанд ки дар Вазорати молия 50 фоизи кормандонро занон ташкил мекунанд, вале то ҳол ба мансаби муовини вазир аз ҳисоби занон шахсе пешниҳод нашудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳо низ занон ба корҳои роҳбарикунандаи соҳаи молия ва бонк хеле кам ҷалб карда мешаванд.
Инчунин дар Вазорати саноат аз рўзи таъсисёбии он барои мансаби муовини вазир аз ҳисоби занон то имрўз номзади мувофиқ пешниҳод нагардидааст.
Вазъи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ чандон хуб нест. Бинобар ин, ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки барои ислоҳи чунин вазъ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин, ба Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи Фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» тадбирҳои иловагӣ андешад.
Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки дар мўҳлати се моҳ доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барномаи мукаммалро таҳия карда, ба Президенти мамлакат пешниҳод намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё