Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба хотири дастгирии духтарони оилаҳои камбизоат, ки мувофиқи квота аз ноҳияҳои дурдасти кўҳистон ба донишгоҳҳои олии мамлакат дохил шуда, бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, 16 стипендияи президентӣ муқаррар гардидааст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таҳсили духтарони ноҳияҳои дурдасти кўҳистон, ки тибқи квота дар мактабҳои олии пойтахт мехонанд, дар охири соли гузашта як хобгоҳи дорои 200 ҷой пурра таъмир карда, бо таҷҳизоти зарурӣ ба ихтиёри онҳо дода шуд. Ҳоло таъмири хобгоҳи дуюм бо 600 ҷои зист босуръат идома дорад ва моҳи августи соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Вобаста ба ин масъала, ба Муовини Сарвазири Тоҷикистон, вазоратҳои маориф, иқтисод ва савдо, донишгоҳу донишкадаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар баробари иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат доир ба ҷудо намудани квотаи президентӣ ва интихоби дурусту қабули духтарону писарони лаёқатманд ба мактабҳои олӣ, инчунин ба ҷараёни таҳсил, шароити зист ва тибқи роҳхат ба кор рафтани онҳо назорат кунанд.
Ҳамчунин ҷиҳати бо манзили зисти муваққатӣ таъмин кардани ҷавондухтарони ятиму бепарасторе, ки давраи таҳсилро дар мактаб-интернатҳо ба охир расонидаанд, ба вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, иқтисод ва савдо, Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила, инчунин Ҳукумати шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки масъалаи аз баланси Донишгоҳи давлатии миллӣ ба ихтиёри Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила гузаронидани хобгоҳи воқеъ дар шаҳри Душанбе ва бо маблағи аз фонди захиравии Президент ҷудогардида таъмиру таҷҳизонидани онро барои 350 нафар духтарон то ҷашни 15-солагии истиқлолият ҳал намоянд.

пешина
аз 127
навбатӣ