Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ғайр аз ин, Комиссияи байниидоравии мубориза бар зидди хариду фурўши одамон таъсис ёфта, барои баргардонидани духтарон аз хориҷи кишвар то имрўз корҳои мушаххасро анҷом додааст.
Илова бар ин, дар давоми солҳои 1999–2005 нисбат ба 1245 нафар занҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» татбиқ гардида, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо ва ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.
Ман мефаҳмам, ки зиндагӣ пастию баландӣ ва мушкилиҳо дорад. Вале бо роҳи ҷинояткорӣ ва одамфурўшӣ, ки шаъну шарафи инсонӣ ва қадри фарзандонро паст мезанад, ба мурод расидан раво нест.
Фаромўш набояд кард, ки барои зан бадбахтии бузургтарин бадномӣ аст.
Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва давраи инқилоби техникию технологӣ ва рушди босуръати шабакаҳои иттилоотӣ умр ба сар мебарем. Имрўз фарзандони мо ба воситаи технологияи муосир ба таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии тамоми олам, зиндагиву рўзгори ҳамсолони худ ошно мешаванд.
Ин аз як ҷониб хуб аст, зеро мафкураву ҷаҳонбинии фарзандони мо тадриҷан инкишоф меёбад, вале дар айни замон аз таъсири ногувори ахлоқи зишт, кирдорҳои ношоям ва арзишҳои пасти фарҳангии шабакаҳои иттилоотии беруна чашм пўшидан мумкин нест.
Раванди рўзафзуни инқилоби илмию техникӣ баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии ҷавонон, махсусан ҷавондухтаронро ҷиҳати омўхтану донистани забонҳои хориҷӣ ва дастовардҳои илми муосир, инчунин шинохтану ошно шуданро бо фарҳанги пешрафтаи халқҳо ва кишварҳои ҷаҳон тақозо мекунад.

пешина
аз 127
навбатӣ