Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала соли 2002- юм дар машварати доир ба сиёсати демографӣ ва танзими оила таъкид карда будам, ки «ба низом овардани таваллуд дар кишвари мо тақозои ҳаёт ва талаботи замон аст».
Ташаккули тарзи зиндагии солим, оилаи солим ва модару фарзанди солим дар маҷмўъ ба нафъи ҷомеа ва давлат мебошад. Ба назари ман, серфарзандӣ нишонаи сарвату давлат набуда, баръакс омили коҳиш ёфтани вазъи саломатии модару кўдак, суст шудани таҳкурсии моддӣ ва мушкилоти дигари иҷтимоии оила мебошад.
Соли гузашта шумораи таваллуди кўдакон нисбат ба соли 2004-ум беш аз шаш ҳазор нафар зиёд гардид, ки ин нишонаи ҳанўз ҳам мукаммал набудани сатҳи танзими оила ва фарҳанги оиладорӣ мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби худ барои беҳбудии вазъи тандурустии модару кўдак ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо тадбирҳои мушаххас андешида, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав, қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистонро «Дар бораи Барномаи миллии пешгирии бемории камхунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии саломатии репродуктивӣ ва ҳуқуқи репродуктивӣ» ва дигар асноди ба таҳкими тандурустии аҳолӣ равонашударо қабул намуд. Вале то ҳанўз вазъи саломатии модару кўдак ташвишовар буда, дар байни аҳолии деҳот фавти модару кўдак аз меъёр зиёд аст. Танҳо соли гузашта 57 нафар занон ҳангоми таваллуд ва 2543 кўдакони то яксола фавтидаанд. Проблемаи камхунӣ ва бемориҳои дигар низ пурра роҳи ҳалли худро наёфтаанд.

пешина
аз 127
навбатӣ