Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Имрўз 37,7 фоизи занон гирифтори бемории камхунӣ буда, синни миёнаи умри онҳо дар Тоҷикистон 69,7 солро ташкил медиҳад.
Аз ин рў, ба Вазорати тандурустӣ ва дигар идораву муассисаҳои дахлдор зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани проблемаҳои фавти модару кўдак, камхунӣ ва дигар бемориҳои вобаста ба таваллуд тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намоянд.
Дар кишвари мо инчунин бемориҳои камбуди йод, хусусан ҷоғари эндемӣ хеле зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Ҳарчанд ки аз ҷониби Ҳукумат Барномаи миллӣ «Оид ба мубориза бар зидди бемориҳои камйодӣ барои солҳои 1997–2001» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднок гардонидани намак»
соли 2002 қабул карда шудааст, вале фоизи бемориҳои зикргардида ба дараҷаи зарурӣ кам нашуда истодааст.
Муоинаҳои гузаронидашуда нишон доданд, ки танҳо 53 фоизи аҳолии кишвар намаки йоднокро истифода мебарад. Ин раванд метавонад оянда ба инкишофи ақлонӣ ва генофонди миллат таъсири манфӣ расонад.
Чанд рўз пештар дар ҷаласаи Ҳукумат ба вазоратҳои тандурустӣ, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ супориш додам, ки барои ширкатҳо ва сохторҳое, ки намаки бейод ворид мекунанд ва ба фурўш мебароранд, ҷарима ҷорӣ кунанд.
Вазорати тандурустӣ ва масъулину мутасаддиёни соҳаро зарур аст, ки ба ин проблема ҷиддӣ муносибат карда, ҳамкориҳои байнисоҳавиро рушд диҳанд ва барои пешгирии бемории ҷоғар тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Масъалаи муҳими дигаре, ки шумо – модарону хоҳарони азиз, барои ба низом овардани он саҳми назаррас гузошта метавонед, танзими расму оинҳои мардумӣ мебошад.

пешина
аз 127
навбатӣ