Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар бораи мавқеи зан-модар дар пешгирии хароҷоти беҳудаи оилавӣ сухан ронда, мехостам нуктаеро низ зикр намоям, ки моҳияти таҷлили иди занон фақат аз харидану ба онҳо тақдим кардани тўҳфаҳои гаронбаҳо иборат нест.
Мо онро ба хотири ба қадру манзалат, меҳру муҳаббати поку самимии модарон, занону духтарон арҷ гузоштан ва ба онҳо изҳор кардани ҳурмату эҳтироми бепоёни худ ҷашн мегирем.
Аз ин нуктаи назар бояд занону модарон ва хоҳарони мо хуб дарк намоянд, ки онҳо дар оила ва ҷомеа то кадом андоза соҳиби мартаба ва мавқеи баланд ҳастанд.

Ҳозирини мўҳтарам!
Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст.
Ба ибораи дигар, зан-модар миллат, вориси он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рў, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода кардани онҳо пеш аз ҳама худашон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд.
Нақши модар дар тарбия, нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанди худ бузург мебошад. Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омўзонидани забон шурўъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ў хислатҳои наҷиби инсониро ҷой медиҳад.
Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модари худ, миллати худ, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари худ мерасад.

пешина
аз 127
навбатӣ