Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ватани мо – Тоҷикистон гаҳвораи забони тоҷикӣфорсӣ ва шеъри оламгири Рўдакист. Ба хотири бузургдошти ашъори ноби тоҷикӣ-форсӣ ва забони модарӣ мо соли оянда 1150-солагии ҷашни Одамушшуаро Абўабдуллоҳ Рўдакӣ ва арҷ гузоштан ба шўру шавқи калимоти орифонаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ имсол 800-солагии ўро таҷлил менамоем.
Модар гаҳворабони забони адабӣ аст. Бинобар ин, бояд ҳар як зану духтари тоҷик дар баробари хуб донистани забони адабӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги миллӣ, инчунин дар бобати поку беолоиш нигоҳ доштани забон, ҳифзи арзишҳои волои фарҳанг ва тамаддуни миллӣ аҳамияти хоса диҳанд.
Давлати Тоҷикистон ба заковати азалӣ ва нерўи созандаи занони фарзона ва оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандўсту худшинос, инчунин бо заҳмату ташаббусҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Дар охир шуморо – модарону хоҳарон ва фарзандони азиз, бори дигар ба ифтихори ҷашни пуршукўҳатон ва фарорасии иди бузурги суннатиамон – Наврўзи Аҷам, ки пас аз чанде бо қудуми фархундаи худ диёри биҳиштосои моро боз ҳам мунаввар месозад, самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рўзгори хушу осуда орзумандам.
Шумо – занону духтарони меҳрубон гули ҷомеаи мо ҳастед. Бигзор, чун гул чеҳраи шумо ҳамеша хандону шукуфон бошад!
Бигзор, тамоми орзуву ормоне, ки дар дил доред, амалӣ гарданд!

пешина
аз 127
навбатӣ