ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Бигзор, ҳамаи нияту нақшаҳои зиндагиатон ба воқеият табдил ёбанд!
Бигзор, ба бахти ҳамсарону фарзандон, падарону бародарони худ саодати рўзгор ва камолоти пирӣ насибатон гардад!
Саломат бошед!
СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
БА МУНОСИБАТИ ИДИ
ЗАНОН – 8 МАРТ
(7 марти соли 2008)
Модарону хоҳарони арҷманд!
Фарзандони азиз!
Ҳоло, ки мо дар остонаи яке аз ҷашнҳои зебову дилписанди сол – иди байналмилалии занон қарор дорем, мехоҳам тамоми занону модарони гиромӣ ва духтарони азизи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ин муносибат самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони кишвар ободиву осоиш ва саодату хушрўзӣ орзу намоям.
Воқеан, ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарзабзиву таровати онро дучанд меафзояд.
Ба ибораи дигар, агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан-модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Дар ситоиши зан-модар то имрўз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанўз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдўст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.
Мо бо ифтихор ва такрор ба такрор мегўем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст.
Аз ин хотир, дўст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё