Зеҳн
ҶЎРА ҲОШИМӢ ХАНДОНАК

ДУХТАРЧАИ ХАНДОНАК Лабҳои ту механдад, Гапҳои ту механдад. Чашмони ту механдад, Мижгони ту механдад.

Ахбор · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа

Кӯдакон
Аз аввал хондан

НАСИҲАТ

Як коҳиле ба коҳил

Гуфтаст турфа ботил:

Охир, саҳар чӣ хезӣ?

Бо худ чаро ситезӣ?

Вақт аст, то бихобӣ,

Аз хоб баҳра ёбӣ.

Ба мактабат равӣ дер,

Ба хобакат шавӣ сер.

Соат, нигар, чӣ чиз аст:

Бо ҷумла дар ситез аст.

Ҳар гаҳ занад ҷаранг ӯ,

Касро кунад гаранг ӯ.

Ҳаргиз накун варо гӯш,

Баргарду калларо пӯш.

Бигзор, то ки модар,

Хоҳар ва ё бародар,

Бедор созад аз хоб

Резад ба дастакат об.

Пӯшонаду хӯронад,

Бар мактабат расонад.

Аммо ба хотират дор:

Хонӣ, чӣ мешавӣ? – Хор!

Гирӣ агарчӣ сад ду,

Парвои он накун ту!

Дар синфакат, ки монӣ,

Бояд накӯ бидонӣ:

Асло хиҷил нагардӣ!

Озурдадил нагардӣ!

Сад раҳ бадат бигӯянд,

Сад айб аз ту ҷӯянд,

Гар сад лақаб бубанданд,

Сад бор агар биханданд,

Ғам хӯрданат нашояд,

Кам хӯрданат нашояд.

Лекин ту бохабар бош,

Аз Ҷайра\* дар ҳазар бош.

Инро, ки Ҷайра донад,

Моро чунин намонад.

Мегардад обамон лой,

Бар ҳоли мову ту – вой!

\* Шахси гӯшаи ҳаҷвии маҷалла.

ДАРСГУРЕЗ

Як соатак чун дарс хонд,

Бозаш дигар тоқат намонд.

Гуфто, ки:

– Дигар сабр бас!

Дар ҷони ман ин ҷабр бас!

Ҳаргиз надидам роҳаташ,

Безори ранҷу меҳнаташ! –

Ин бор ҳам бо биму тарс

Бигрехт пинҳонӣ зи дарс.

Албатта, аз тарсаш нахост,

Ояд ба сӯйи хона рост.

Пас рафт бо паскӯчае,

Хуш ёфт бе кас кӯчае.

Кораш вале омад накард,

Эй войи ҳоли кӯчагард! –

Таъзири худро хӯрд ӯ,

Бо Ҷайраҷон во хӯрд ӯ!

ҶОСУС

Як ҷои хилват,

Як роғи девор,

Ду сими зардак

Бошад намудор.

Гаҳ тору гаҳ зер

Гардон шавад вай,

Гаҳ зуду гаҳ дер

Пинҳон шавад вай.

Ин чист? Оё

Антенна бошад?

Исто, ки ҷосус

Ин ҷо набошад?!

Бояд насозам

Ман дасту по гум:

Зуд ин хабарро

Орам ба мардум.

Ин ҷо набояд

Ҷосус гардад!

Бояд, ки ҷусус

Маҳбус гардад!

Антенна ногоҳ

Берунтар омад,

Аз роғи девор…

Сӯрак\* баромад!

\* Сӯрак – саворак, нонхӯрак.

пешина
аз 14
навбатӣ