АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданАз марраҷой се-чор қадам дур шудан замон, ҳама баробар:
- Бобо-бобо! - гуфтанд.
- Ҷони бобо, - роҳравон ҷавоб дод Халил.
- Куҷо меравед?
- Шахри Лаклакон!
- Дар кулворатон чӣ?
- Тўшаю талқон!
- Ба кӣ мебаред?
- Ба бачаякон!
- Моро ҳам мебаред?
- Аз очатон пўрсетон!
Бачаҳо камтар хомўш истоданд ва боз ба «бобо»
наздик рафта гуфтанд: - Бобо-бобо!
- Ҷони бобо!
- Аз очаамон пурсидем, рухсат доданд.
- Ин тавр бошад, аз қафои ман омадан гиред, лекин шўхӣ накунед, нахандед, аз калтакам тарсед.
- Хуб шудааст, бобоҷон, - гуфтанд бачаҳо.
Роҳравон бозигарон ҳар хел ҳаракат, имову ишораҳои хандаовар мекарданд, то ки рафиқонашон биханданд.
Фозил қоматашро хам карда, як дасташро ба пушташ бурда, роҳгардии «бобо»-ро тақлид кард, ки ҳама хандиданд.
«Бобо» асоро бардошта бачаҳоро пеш кард ва дар қариби марраҷой Сатторро дошт. Акнун Саттор «бобо»
шуду Халил ба ҷойи вай гузашт. Агар Халил ягон бачаро то марраҷой дастгир намекард, боз худаш «бобо» мешуд.
ПУФАКБОЗӢ
Бачагон дасти ҳамдигарро гирифта давра мешаванд.
Як нафар «мураббия» шуда, пуфаке дар даст байни давра меистад ва пуфакро оҳиста-оҳиста дам мекунад. Бозигарон бо низоме дасти ҳамдигарро гирифта ба «мураббия»
наздик мешаванд. Ва баъд оҳиста-оҳиста дур шуда, давраро васеъ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё