АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданДар вақти аз мураббия дур рафтан ба такрор мегўянд:
- Пуфаки сурху кабуд,
- Гирдаку ғелон бишуд.
Вақте ки давраи бозигарон васеъ мешавад, «мураббия» оҳиста-оҳиста дами пуфакро сар медиҳад.
Бозигарон дасти ҳамдигарро сар дода:
Пуфаки сурху кабуд,
Гирдаку ғелон бишуд.
- гуфта, оҳиста-оҳиста чапак зада, ба зону менишинанд.
«Мураббия» давраро гирд гашта, ба сари китфи ҳар бача даст мерасонад. Ҳама аз ҷой мехезанд, дасти ҳамдигарро мегиранд, давра мекунанд ва суруд мехонанд:
Ҳой-ҳой, сарак-сарак,
Ман гардам аз ин сарак -
Харбузеки дар палак.
Ман гардам аз ин қошак -
Аз қошаки пайвастак.
Ман гардам аз ин чашмак -
Аз булўраки серпашмак.
Ман гардам аз ин бинӣ -
Аз кўзачаи чинӣ.
Ман гардам аз ин рўяк -
Аз кулчаи хушрўяк.
Ман гардам аз ин дандон -
Аз биринҷи Ҳиндустон.
Ман гардам аз ин дастак -
Ин дастаки пурғайрат.
Ман гардам аз ин пояк -
Мактаб раваду ояд.
Аз боло шамол омад,
Аз поин ғубор омад.
Тақ-тақаки дар бишуд, Бобобахтиёр омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё