Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Бачаҳои дигар «чўҷа» шуданд.
Мурғ бо «чўҷаҳояш» дар канори чапи майдон «катаке» сохт (Қаду бараш се метр) . «Уқоб» ҳам дар канори рости бозиҷой барояш «лонае» дуруст кард.
Бозӣ бо ишораи Шарофат шўруъ шуд. «Чўҷаҳо»
камар ё домани ҳамдигарро гирифта, аз паси «мурғ» ба донаю нонрезачинӣ мебароянд. Оҳиста-оҳиста ба гашти мурғу чўҷа тақлид карда, майдони бозиро давр мезананд.
Роҳравон суруд мехонанд:
Боло-боло меравем,
Сайру тамошо меравем.
Резаи нона мечинем,
Донаи дона мечинем!

Бо ишораи Шарофат «уқоб» аз лонааш мебарояд ва қанотҳояшро афшонда-афшонда пеши роҳи «мурғ»
мебарояд ва мегўяд:

Ҳой мурғаки шил-шилапо,
Як чўҷата бидеҳ ба мо!

«Мурғ» дар ҷавоб:

  • Ҳой уқоби бачадўзди баднамуд, дина як ҷўҷаи парпоямро дуздидӣ, бас набуд?!
    «Уқоб» мегўяд:
  • Парпоята ман бурдам, Валекин ман нахўрдам!
    «Мурғ» бадқаҳр шуда мегўяд:
  • Ту уқоби бадчангол, дурўғ мегўӣ! Агар парпоя нахўрда бошӣ, канӣ вай?
    «Уқоб» оромона ба «мурғ» мефаҳмонад:
  • Парпоята дар лонаам мондаму то хонаи қассоб барои корд, ба хонаи баққол барои намак, ба хонаи ошпаз барои дег, ба хонаи ҳезумкаш барои ҳезум рафта омадам, ки гурехта рафтааст. Бенасиб шудам.
пешина
аз 81
навбатӣ