Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • «Уқоб суханашро тамом карда-накарда , якбора бадхашм мешавад, қанот меафшонад ва ба «чўҷаҳо»
    дарфтода:
    Ҳой, мурғаки шил-шилапо, Як чўҷата бидеҳ ба мо!

Мегўяд ба такрор.
«Мурғ»: «гурез, парпо, «уқоб» омад!» гўён «чўҷаҳоро» муҳофизат мекунад. «Уқоб» кўшиш мекунад, ки чўҷаи дар охири сад (монеа) истодаро ба чангол дарорад. Агар ба ин муваффақ шавад, чўҷаро ба лонааш мебарад ва пас аз сонияе боз пайдо мешавад. Байни «уқобу» «мурғ» боз гуфтугў такрор меёбад. «Чўҷаҳо»
камар ё домани ҳамдигарро сар надода, худро муҳофизат мекунанд.
Шарофат дар мобайни майдон истода, рафти бозиро назорат мекард.
Бозигарон монда шаванд, мефармуд , ки «уқоб» дар «лонааш» ва «мурғу чўҷаяконаш» дар «катакашон» дам гиранд.
Бозӣ то охирин чўҷаро рабудани уқоб давом мекунад.

ДУМ-ДУМИ НАЙЧАГИРАК

Бачаҳо давра гирифтанд. Шарифа шумурак гуфт:

Аваку давак,
Гандуму ҷавак,
Ту сумбулако,
Ту булбулако,
Ту шину нарав,
Ту барою дав!
Дар охири шумуракгўӣ Мавзунаю Манзура монданд.
Манзура «дугфурўш» шуд. Манзура «очаи бачаҳо».
«Дугфурўш» ба як канори майдони бозӣ нишаст. Бачаҳои дигар паи ҳам қатор шуданд. «Очаашон» дар пеши қатор, миёни ҳамдигарро дошта, майдони бозиро давр зада ва суруди зеринро роҳравон хонданд:

пешина
аз 81
навбатӣ