Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Дум-думи ночакам-е,
Оши полвончакам-е,
Ҷави навкўфтакам-е,
Нони лавсўхтакам-е!

Баъд назди «дугфурўш» омаданд. Манзура пурсид:

  • Она , дугатон чанд пул?
  • даҳ танга, духтарам, гир , дуги нағз, аз чўби дарахти мевадор.
    Ўҳ, қимат будааст!- гуфт Манзура.

Ўҳ, дугаш, қимат будааст,
Оча беҳиммат будааст.

  • гўён майдонро ду-се карат давр задаанду назди «дугфурўш» омаданд. Манзура ба «дугфурўш» гуфт:
  • Оча, канӣ дугатонро бинам!
    «Дугфурўш» дугро дод. Манзура «оҳ, поякам сўхт»
    гуфту хам шуда, дугро ба бачаи дар қафояш буда дод. Вай «оҳ, дастакам сўхт» гуфту аз таги дасташ ба дигаре дароз кард. Дигараш «мўякам сўхт» гуфту аз болои сараш ба шарикаш дод. Ҳамин тавр, дуг то бачаи охирини қатор рафта расид.
    «Дугфурўш» дугашро талаб кард. Манзура бачаи дар қафояш бударо нишон дод. Вай бачаи сеюмро . Ҳамин тариқ, ишора то бачаи охирин рафт. Он бача гуфт, ки дуг дар дасти очааш.
    Мавзуна боз пеши Манзура омаду гуфт:
  • Дугамро деҳ!
  • Оча, дугатонро бачаҳо гум кардаанд!
  • Ба ҷои дуг бачаатро мегирам! - гуфт Мавзуна.
  • Бачаи зиёдатӣ надорам. Яктоаш хонарўбакам, яктоаш шоликўбакам, яктоаш ошпазакам, яктоаш чойрезакам, яктоаш чойандозакам, яктоаш ҷойғундоракам, яктоаш бозордавакам, яктоаш мактабравакам…
    «Дугфурўш» тозон ба охири қатор рафта:
пешина
аз 81
навбатӣ